Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 18 нафар дар ҳамлае ба автобус дар Кӯҳистон


Дар минтақаи Кӯҳистони Покистон афроди ношинос сӯи автобуси мусофирбар оташ кушоданд, ки бар асари ин 18 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, автобус аз шаҳри Равалпиндӣ, ки он ҷо ситоди марказии артиши Покистон мустақар аст, сӯи шаҳри Гилгит ҳаракат мекард.

Мақомоти полис мегӯянд, ки ангезаи ин ҳамла ва аз сӯи киҳо анҷом шудани он маълум нест, зеро дар ин минтақа гурӯҳҳои ифротгаро фаъол нестанд.
XS
SM
MD
LG