Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хаймаҳои ҷунбиши "Ишғоли Лондон"-ро мекананд


Пулиси Бритониё субҳи сешанбе ба тахриби урдугоҳи ҷунбиши «Ишғоли Лондон» шурӯъ кард. Тазоҳургарони зидди низоми сармоядорӣ бо илҳом аз ҷунбиши «Ишғоли Уолл-Стрит» дар Амрико 4 моҳ боз дар назди калисои Павели муқаддаси Лондон хайма зада буданд. Мақомоти шаҳр ҳафтаи гузашта ҳузури ин урдугоҳро як мониа барои кори таъсисоти атроф ва ҳам мояи мушкилоти беҳдоштӣ хонда, ба тахриби он амр карданд.
XS
SM
MD
LG