Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" маводи сӯхт дар Қирғизистонро контрол мекунад


Кумитаи порламони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи душанбеи худ пешнависи қарордоди байниҳукуматии ин ду кишварро дар бораи додани ҳақи инҳисор ба ширкати "Газпром нефт Азия" ба тасвиб расонд. Ин ширкат яке аз шӯъбаҳои "Газпром нефт"-и Русия аст ва таъмину тақсими маводи сӯхт дар бозори дохилии Қирғизистонро дар соли 2012 бар ӯҳда хоҳад дошт. Аскарбек Шодиев-вазири энержии Қирғизистон изҳор дошт, ки “тасвиби қарордоди байниҳукуматӣ имкон медиҳад, ки Қирғизистон дар соли 2012 аз роҳи ширкати “Газпром”-и Русия бидуни пардохти боҷи содиротӣ маводи сӯхти Русияро дарёфт кунад. Вазир афзуд, ҷониби Русия шак дорад, ки бахше аз маводи сӯхти воридшуда ба Қирғизистон аз роҳи қочоқ ба Тоҷикистон меравад, ба ин далел Русия мехоҳад худаш тақсими маводи сӯхтро конрол кунад. Дар ин бора матбуоти Русия хабар додааст.
XS
SM
MD
LG