Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Занҷираи зинда"-и мухолифини Владимир Путин


Дар Маскав дар чаҳорчӯби маъракаи “Барои интихоботи одилона” амалиёти “Ҳалқаи бузурги сафед” баргузор шуд.

Мухолифини Владимир Путин дар канори шоҳроҳи Садовое колтсо дасти ҳамдигар гирифта “занҷираи зинда” ташкил намуданд. Ба гуфтаи созмондиҳандагон, дар “занҷираи зинда” дасти кам 34 ҳазор нафар ширкат доштанд. Қарор аст, ки ҳамаи онҳо баъдан дар майдони Инқилоб дар намоиши “Падруд бо зимистони сиёсӣ” ширкат кунанд.

Имрӯз ҷонибдорони Владимир Путин дар канори шоҳроҳи Садовое колтсо ба раҳгузарон лентаҳои ҳамранги парчами Русияро тақсим карданд.
XS
SM
MD
LG