Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси масоили марзӣ дар Бодканд


Дар шаҳри Бодканд нишасти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марзи ноҳияи Исфара бо вилояти Бодканд доир шуд. Дар ин нишаст барномаи ҳамкориҳои марзӣ барои соли 2012 тасвиб шудааст. Марзи Исфара бо Бодканд аз нуқоти доғи марзи Тоҷикистону Қирғизистон маҳсуб шуда, дар солҳои охир дар ин марз чандин бор байни сокинони ду тараф муноқишаҳо сар задаанд.
XS
SM
MD
LG