Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду сарбози НАТО дар эътирозҳои Афғонистон кушта шуданд


Дар рӯзи савуми тазоҳуроти афғонҳо зидди сӯзонда шудани Қуръон ду сарбози НАТО ва ба камияш се тазоҳуркунанда ба ҳалокат расидаанд. НАТО мегӯяд, сарбозони он дар шарқи Афғонистон аз тарафи нафаре кушта шудаанд, ки дар тан либоси артиши миллии афғонро дошт. Ҳамла як соат баъд аз даъвати Толибон ба қатли сарбозони хориҷӣ барои интиқом аз беэҳтиромӣ ба китоби муқаддаси мусулмонон ба вуқӯъ пайваст. Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама дар номаи расмие ба ҳамтои афғонаш Ҳомид Карзай аз мардуми Афғонистон барои “беэҳтиётии тасодуфӣ” урзхоҳӣ кард ва ваъда дод, ки гунаҳкорон пас аз такмили пажӯҳиш муҷозот хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG