Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи Маркази фарҳангии «Хайём»-и тоҷикон дар Маскав


Шоми 21 феврали соли равон дар кӯчаи меҳварии шаҳри Москва, дар канори Меҳмонхонаи “Тоҷикистон” Маркази фарҳанги тоҷикон бо номи «Хайём» дарҳои худро ба сокинон ва меҳмонони пойтахти Русия боз кард. Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев маросимро ифтитоҳ бахшида, гуфт маркази нав ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард. Дар расми бози марказ раиси собиқи Думаи давлатии Русия Геннадий Селезнов, сафири пешини Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов ва намояндаи аршади Вазорати корҳои хориҷии Русия Андрей Копилов ширкат ва суханронӣ карданд
XS
SM
MD
LG