Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 5 000 паноҳҷӯ дар Тоҷикистон


Ҷамъи афроди паноҳҷӯ дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 5000 нафар буда, тақрибан 3300 нафар аз ин шумор мақоми расмии паноҳандаро доранд. Парвина Мунавварова – сухангӯи дафтари Идораи паноҳандагони СММ дар Тоҷикистон гуфт, 90 дарсади паноҳҷӯён аз Афғонистон буда, теъдоде аз Эрону Ироқ, Қирғизистону Покистон ва Шри-Ланка низ ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд. Ҳаққи паноҳандагиро дар Тоҷикистон як куммиссиюни вижаи вазоратҳои интизомӣ ва ҳаққи паноҳандагии сиёсиро фақат раиси ин ҷумҳурӣ метавонад бидиҳад. Тоҷикистон нахустин кишвари Осиёи Марказист, ки ба паймонҳои СММ дар мавриди мақоми паноҳандагон ҳамроҳ шудааст.
XS
SM
MD
LG