Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: Коршиносони СММ аз таъсисоти ҳастаӣ боздид намекунанд


Вазорати корҳои хориҷаи Эрон мегӯяд, коршиносони ҳастаии СММ, ки боздидашон аз ин кишвар ба поён мерасад, аз таъсисоти ҳастаии Эрон боздид нахоҳанд кард. Ромин Меҳмонпараст-сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Эрон гуфт, ки коршиносони Ожонси байналмилалии энержии ҳастаӣ танҳо бо мақомоти расмӣ дар Теҳрон музокира мекунанд. Вай афзуд, ҳадафи ин музокирот “суръат бахшидан” ба ҳамкориҳои миёни Эрону ин ожонси вобаста ба СММ аст.
XS
SM
MD
LG