Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бунёди муассисаҳоро дар Афғонистон аз сар мегирад


Роҳ аз тариқи ағбаи Соланг
Роҳ аз тариқи ағбаи Соланг
Андрей Аветисиён, сафири Русия дар Кобул гуфт, ки Маскав мехоҳад ширкаташ дар тарҳҳои бузурги сохтмонӣ дар қаламрави Афғонистонро аз сар бигирад.

Дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтер дипломат ишора намуд, ки даҳсолаи гузашта бар асари идомаи задухӯрдҳо имкони ширкат дар ин тарҳҳо набуд ва аммо ҳоло вазъ тағйир мехӯрад.

Ба гуфтаи Аветисиён, Русия хостори бозсозии 150 тарҳест, ки иҷрои онҳо ҳанӯз замони шӯравӣ оғоз шуда буд. Яке аз онҳо шоҳроҳи миёни Кобул ва шимоли Афғонистон аст, ки аз тариқи нақби Соланг мегузарад.
XS
SM
MD
LG