Пайвандҳои дастрасӣ

Саркозӣ дар интихоботи президентӣ ширкат мекунад


Николя Саркозӣ, раисиҷумҳури Фаронса, дар интихоботи нави президентӣ ширкат хоҳад кард. Дар ин бора ӯ дар як суханронии мустақим аз тариқи шабакаи ТF1 хабар дод.

Бар пояи назарпурсиҳо, айни ҳол маҳбубияти мардум ба номзади ҳизби сотсиалистӣ Франсуа Олланд назар ба Саркозӣ хело бештар аст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса 22 апрел баргузор мешавад. Агар нафаре аз номзадҳо ба дарёфти 50 дар сади раъйҳо муваффақ нашавад, 6 май даври дуввуми интихобот доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG