Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон гармтар мешавад


Ба иттилои марказҳои ҳавошиносӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво абрӣ шуда, баъд аз зӯҳр каму беш борон меборад ва аммо шом осмон соф хоҳад буд. Рӯзона ҳаво то 3 дараҷа гарм мешавад.

Ҳавои Хуҷанд нимиабрист, ҳарорат дар ин ҷо ҳам то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҳавои соф дар назар аст ва ҳарорат то 10 дараҷа боло меравад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳаво нимаабрӣ ва аз 7 то 10 дараҷа сард мешавад. Дар аксар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ имрӯз ҳавои абрӣ дар назар аст, дар бархе навоҳии водии Ҳисор борон ва дар Рашту Тавилдара барф меборад. Дар шарқи Тоҷикистон ҳаво то 10-12 дарааҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG