Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон иттиҳомоти Эронро рад кард


Рӯзи душанбе Озарбойҷон иддаои Эронро дар ин бора, ки Боку дар куштори донишманди бахши ҳастаии Эрон ба ҷосусони исроилӣ кӯмак расондааст, рад кард. Дар ёддошти эътирозии Вазорати хориҷаи Озарбойҷон омадааст, Озарбойҷон аз “фаъолиятҳои Моссад бар зидди Эрон ҷилавгирӣ” мекунад. Дар ҳамин ҳол, Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил Эронро муттаҳам кард, ки дар ташкили амалиёти террористӣ бар зидди дипломатҳои Исроил дар Ҳиндустону Гурҷистон даст дорад. Имрӯз дар Тифлис-пойтахти Гурҷистон ба мақомоти интизомӣ муяссар шудааст, бомбаеро, ки дар зери мошини як дипломати Исроил кор гузошта шуда буд, хунсо кунанд. Дар Исроил бар ин ақидаанд, ки ин аъмоли террористӣ ба куштори чанд донишманди бахши ҳастаии Эрон иртибот дорад.
XS
SM
MD
LG