Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 миллион доллар - барои пардохти фоизи қарзҳо


Тоҷикистон дар будҷаи имсолааш барои “хидматрасонӣ”-и қарзҳои хориҷиаш 100 миллион доллар ҷудо мекунад. Хабаргузории “Авесто” аз қавли мақомоти вазорати молия навишт, ки ин маблағ барои пардохти қарзҳои асосӣ ва ва фоизи вомҳо масраф хоҳад шуд. Қарзи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 2 миллиарду 124 миллион доллар баровард мешавад, ки баробари 33 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар аст. Душанбе соли гузашта барои хидматрасонии қарзаш 62,5 миллион доллар масраф карда буд. Чин бо 878 миллион доллар бузургтарин қарздиҳанда ба Тоҷикистон шумурда мешавад. Душанбе аз Бонки Ҷаҳонӣ 371 миллион, аз Бонки осиёии рушд 333 миллион ва Бонки исломӣ 103 миллион доллар қарздор будааст.
XS
SM
MD
LG