Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Туркманистон


Рӯзи якшанбеи 12 феврал Туркманистон интихоботи президентӣ дорад. Барои касби мақоми раҳбарии ин кишвари газу нафтхези Осиёи Миёна 8 номзад сабти ном шудаанд, вале ба назари аксар, интихоботи Туркманистон амалан бидуни рақобати ҷиддӣ мегузарад ва ғолибан боз ҳам бо пирӯзии раисиҷумҳури кунунии ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов анҷом хоҳад ёфт. САҲА ҳам ба ин далел ки дар интихоботи Туркманистон рақобате эҳсос намешавад, нозиронашро ба ин маърака ҳатто нафиристод.
XS
SM
MD
LG