Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон: Пул дорӣ? Шиноснома бигир!


Афғонҳое, ки мехоҳанд ба таври расмӣ соҳиби шиносномаи нави ватанашон шаванд, ба мушкил дучор меоянд.

Чунин душворӣ онҳоро водор кардааст, ки роҳҳои пинҳонии ба даст овардани шиносномаро пеш бигиранд.

Маъмулан барои чунин афрод набуди нусхаҳои нави шиносномаро ҳамчун сабаб ё баҳона пеш меоранд ва чунин кор дари бозори сиёҳро ба рӯи онҳо боз ва дасти масъулони ин корро гарм мекунад.

Оҷонсии шиносномадиҳии Афғонистон моҳи октябри соли гузашта эълон кард, ки мӯҳлати шиносномаҳои қаблӣ ба поён расидааст ва шиносномаҳои нав бо вижагиҳои расмии давлати Афғонистон ба шаҳрвандон дода мешавад.

Бо гузашти чаҳор моҳ аз ин эълон, акнун шаҳрвандони Афғонистон мақомоти зидахли ин кишварро муттаҳам мекунанд, ки дар созмон додани ин тадбири нав муваффақ набудаанд. Ҳоло бештар аз як миллион нафар афғон мунтазири шиносномаҳои нави худ ҳастанд. Аксари онҳо аз интизорӣ ноумед шудаанд ва акнун дар ин фикранд, ки “дари бозори сиёҳ”-ро бикӯбанд.

Муҳаммад, як сокини Кобул, мегӯяд, ӯ баъд аз муроҷиат чанд ҳафта интизор монда, вале саранҷом бо пардохти 400 доллар ба шахси миёнрав ба дарёфти шиносномаи нав комёб шудааст. Вай гуфт, "мо ин ҷо ба хотири паспорт омадем. Мушкил ин аст, ки ба даллолон медиҳанд. Ба мо намедиҳанд.”

Муҳаммад мегӯяд, мумкин аст ин қимат то ба 800 доллар боло равад. Аммо генерал Аюб Носирӣ, раиси Оҷонси шиносномаҳои Афғонистон дар вазорати корҳои дохила мегӯяд, нусхаҳои холии шиносномаҳо ҳаст, вале онро барои мавридҳои зарурӣ нигоҳ медоранд. Масалан, касе мехоҳад барои муолиҷа ба хориҷ равад ва мисли он.

“Ҳамватанони азиз ҳамин нуктаро бифаҳманд, ки ба шахсони миёнрав муроҷиат накунанд. Худашон мустақиман ба шӯъбаҳои паспортдиҳӣ муроҷиат намоянд. Қонун ва ҳуқуқи худро бифаҳманд ва ба касе изофапулӣ надиҳанду аз қонун бохабар бошанд”,-таъкид кард ҷаноби Носирӣ.

Бо вуҷуди ин, Азизуллоҳ Лудин, раҳбари Раёсати назорат ва зидди ришвахории ҳукумат далелҳои мавҷудаи ришвахорӣ ҳангоми дарёфти шиносномаҳои навро таъйид крад. Вай мегӯяд, ҳоло раёсати онҳо якҷоя бо ҳукумат низоми конроли ин корро баррасӣ мекунанд, то дар оянда аз нақзи қонун ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG