Пайвандҳои дастрасӣ

Солҳои ахир масъалаи дарёфти «шаҳодатномаи бозгашт» ба ватан ба яке аз мушкилоти умдаи ҳазорон нафар муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия табдил ёфтааст.

Далели ин масъала таҷаммӯи ҳамарӯзаи муҳоҷирони кории тоҷик дар назди консулгариҳои Тоҷикистон дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия аст.

Насим, як муҳоҷири кории тоҷик, ки ба тозагӣ аз муҳоҷират баргаштааст, мегӯяд, дар Маскав шиносномаашро гум карда, барои гирифтани «шаҳодатномаи баргашт» ба ватан баъди ду моҳи талошҳо ва пардохти 1400 рубли русӣ ин санадро соҳиб шудааст.

Шаш моҳи талошҳо барои бозгашт ба Ватан

Наргис, сокини шаҳри Ваҳдат, низ мегӯяд, бародараш дар Русия шиносномаашро гум кардааст ва давоми 6 моҳ талош кардааст, аз консулгарии Тоҷикистон шаҳодатномаи бозгашт бигирад. Аммо билохира маҷбур шудааст, ки тавассути пайвандон аз Тоҷикистон шиносномаи нав харидорӣ кунад ва ба Тоҷикистон баргардад.

Наргис мегӯяд, ки чаҳор бародараш аз 4 то 15-солӣ дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва дар ин муддат онҳо мунтазам ба оилаи худ пул мефиристанд. Зиндагии онҳо бо пули бародарони муҳоҷир гардон будааст.

Дар Тоҷикистон мисли хонаводаи Наргис садҳо ҳазор оилаҳои дигар бо маблағи муҳоҷирони кориашон рӯзи худро мегузаронанд. Аммо ин муҳоҷирон дар кишвари муҳоҷират ба мушкилоти зиёде рӯбарӯянд.

Савриниссо, сокини ноҳияи Ховалинг, мегӯяд, вақте эътибори шиносномаи бародараш дар Русия тамом шудааст, ӯ натавонистааст шаҳодатномаи бозгашт ба ватанро бигирад. Ӯ меафзояд, ҳарчанд аҳли хонавода дар Тоҷикистон талош кардаанд, ки барои бародари Савриниссо шиносномаи хориҷӣ бигиранд, аммо натиҷае ҳосил нашудааст.

Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мегӯяд, бисёре аз мардикорон аз беиттилоӣ заҳмат мекашанд
Сарсонӣ аз беиттилоӣ


Давлат Назрӣ, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, мегӯяд, санад ва ё худ шаҳодатномаи бозгашт ба ватан ба шаҳрвандони тоҷики муқими Русия дар ҳолатҳои истисноӣ дода мешавад. Яъне агар шиносномаи шаҳрванд мӯҳлаташ тамом шуда бошад ва ё бинобар фарсуда шудан аз эътибор сокит дониста шавад.

Ӯ меафзояд: «Аммо, муттассифона, то ҳол иддае аз муҳоҷирони кории мо дар Русия иттилоъ надоранд, ки гирифтани санади «шаҳодатномаи бозгашт» ба ватан дар ҳоле, ки мӯҳлати шиноснома тамом нашудааст, зарурат надорад».

Ба гуфти Давлат Назрӣ, то ҳол дар мавриди ин масъала ба вазорати корҳои хориҷӣ ягон номаи шикояти ирсол нашудааст.

730 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, дар нӯҳ моҳи соли равон 730 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ вориди хоки Русия шудаанд. Тибқи ин манбаъ, дар ҳудудҳои Русия 20 дарсади муҳоҷирини кории тоҷик аз як сол беш бо корҳои гуногун, 30 дарсад бо тиҷорат ва 50 дарсад аз моҳҳои март то ноябр бо корҳои мавсимӣ, аз ҷумла дар сохтмону кишоварзӣ машғул мешаванд.

Тибқи иттилои расмӣ, маблағҳои муҳоҷирини кории тоҷик 40 дарсад ва, ба гуфтаи созмонҳои байнулмилалӣ, 50 дарсади маҷмаи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ташкил мекунанд.

Коршиносон мегӯянд, ба ҷуз интиқоли маболиғ, муҳоҷират дар Тоҷикистон шиддати бозори корро коҳиш дода, ҳирфаияти муҳоҷиринро ҳангоми азхудкунии фанновариҳои ҷадид боло мебарад, аммо кишвар ҳамчунин ба камбуди мутахассисон, тағйири модели оиладории тоҷикӣ ва нақзи ҳуқуқи муҳоҷирин низ мувоҷеҳ шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG