Пайвандҳои дастрасӣ

Белятскийро барои ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ карданд


Алес Белятский

Алес Белятский

Иветта Радичова, нахуствазири Словакия ҳомии ҳуқуқи башари Белорус Алес Белятскийро барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобел пешбарӣ кард.

Белятский, ки раҳбари маркази ҳуқуқи башари “Весна”-и Минск аст, моҳи ноябри соли гузашта бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти андоз барои чаҳору ним сол маҳкум ба зиндон шуд. Додгоҳ ӯро дар истифодаи суратҳисобҳояш дар Литваю Лаҳистон ба хотири дарёфти грантҳо барои ҳомиёни ҳуқуқи башари Белорус айбдор намуд. Белятский иттиҳомро қатъӣ рад кард.

Аз ин пешниҳод чанд барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, аз ҷумла, Ширин Ибодӣ пуштибонӣ карданд.
XS
SM
MD
LG