Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Юнон бо нируҳои сисёсӣ ба тавофуқ нарасид


Лукаш Пападемос
Лукаш Пападемос
Бино ба гузоришҳо, мулоқоти Лукаш Пападемос-нахуствазири Юнон бо нируҳои сиёсӣ ба поён расидааст ва дар он тавофуқе ба даст наомадааст. Дар ин мулоқот ҷонибҳо қарзи 130 миллиард евроии байналмиллалиро баррасӣ карданд ва то дар моҳи март аз бӯҳрони молӣ пешгирӣ кунанд. Вале ихтилофи назари нируҳои сисёсӣ ва ҳукумат дар ин бора боқӣ мондааст. Пападемос дар матни ниҳоӣ бо машварати мақомоти Иттиҳодияи Аврупо, Сандуқи байналмиллалии пул ва Бонки марказии Аврупо тағирот ворид карда буд. Гуфта мешавад, ки тибқи он 20 дарсад бояд дастмузди миёна ва нафақаҳо коҳиш меёбад.
XS
SM
MD
LG