Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 нафар аз сӯи корманди ширкати муҳофизатӣ


Дар шаҳри Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, як корманди ширкати муҳофизатии хусусӣ се ҳамкораш ва ду афсари полиси афғонро ҳадафи тир қарор дод.

Бар пояи хабарҳо, дар ин ҳодиса, ки рӯзи 6 феврал ба вуқӯъ пайваст, панҷ корманди дигари ширкати муҳофизатӣ маҷрӯҳ шудаанд. Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Қандаҳор хабар дод, ки як афсари дигари полис ҳам ҷароҳат бардоштааст. Дар бораи ҷузъиёти дигар ҳодиса иттилое зери даст нест.

Ҳукумати Афғонистон тасмим гирифтааст, ки аз 20 марти соли равон фаъолияти ширкатҳои муҳофизатии хусусиро дар қаламрави кишвар қатъ кунад.
XS
SM
MD
LG