Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Русия ҷанозаи боз ду тоҷикро ба ватан оварданд


Ахиран аз Русия ҷанозаи боз ду муҳоҷири тоҷикро ба ватан овардаанд. Ҷанозаи сокини 19-солаи шаҳри Кӯлоб Самариддини Бобохон, ки дар Русия ба иллати маризӣ даргузаштааст, рӯзи 2 феврал ба Тоҷикистон оварда шуд. Рӯзе баъд ҷанозаи сокини 45-солаи ноҳияи Бохтар Тоҳир Каримовро овардаанд, ки дар ноҳияи Одинтсовои вилояти Маскав кушта шуд. Як манбаъи «Азия Плюс» дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтааст, бо иттиҳоми даст доштан дар куштори Тоҳир Каримов сокини шаҳри Одинтсово Юрий Пронченков дастгир шуда, ба бовари тафтишот, ин куштори маишист.
XS
SM
MD
LG