Пайвандҳои дастрасӣ

Нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта мавзӯи даст доштани бархе аз мақомдорони тоҷик дар қочоқи маводи мухаддирро пайгирӣ кардаанд.

"ИМРӮЗ НЮС"

Хабари боздошт шудани чанд корманди мақомоти қудратӣ ва наздикони мансабдорон ба далели қочоқи маводи мухаддирро ба маънии коҳиши имиҷи ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ кардааст. Ин нашрия навиштааст, "дар паси паҳн гардидани ин хабарҳо имиҷи ҳукумати Тоҷикистон меистад, ки ё ба "замин мезанад" ва ё баръакс ба боло мебарояд."

"ОЗОДАГОН"

Ин боздоштҳоро "қадаме ба сӯи шикори "наҳангҳои бузург" номида ва гуфтааст, "қадамест, ки панҷсолаҳо инҷониб барои нагузоштанаш ҳукуматро танқид мекарданд." Ҳафтаномаи "Озодагон" дар матлаби "Соли наҳанг бо шикори наҳангчаҳои бузург оғоз шуд" навиштааст, ки "дар мавриди ба амалҳои ҷиноӣ даст задани одамон зери сояи бародарони маснабдорашон мавзӯи гуфтугӯ дар доираҳои алоҳида буд. Бо он ки сару садо ва овозаҳо миёни мардум баланд мешуд, вале кам шуда буд, ки хабари боздошт ва эълони пайвандияшон бо мансабдорон расонаӣ шавад."

"СССР"

Ба шеваи боздошти ба истилоҳ "наркоборонҳои погондор" эрод гирифта ва навиштааст, "аслан намегӯем, ки ҷинояткорро нақапанд. Баръакс қапед! Аммо на ба ин шева, ки имрӯз мақомоти мо мекунад!" Зеро ба навиштаи нашрия, "ҳаст сирри давлатӣ, ҳаст асрори генералитет. Сар кафид таки тоқӣ. Ин муҷозот бояд ҳатман пинҳонӣ бошад."

"ТОҶИКИСТОН"

Дар ҳошияи зодрӯзи Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ки рӯзи 1 феврал аст, аз вай ба унвони "Комиссар Каттани" ном бурдааст. Зеро ба навиштаи нашрия "Убайдуллоев дар канори он ки шахси принсипнок аст, муҳимтар қонунро эҳтиром мекунад ва аз доираи қонун қадаме берунтар намебардорад."

"ФАРАЖ"

Убайдуллоевро шахси мустақил хонда ва навиштааст, "муҳим ин аст, ки раиси шаҳри Душанбе шахси боз барои мардум аст, натанҳо миёни командаи худаш, балки дар миқёси дастгоҳҳои давлатии сатҳи ИДМ обруву нуфуз дорад."

"МИЛЛАТ"

Шаҳрдори Душанберо "аз ҷумлаи маъдуд раҳбарони сатҳи баланди ҷумҳурӣ" донистааст, ки "рӯзнома мехонад ва ба матолиби матбуот вокуниш нишон медиҳад."

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Аз кам шудани постҳои пулиси роҳ дар шаҳри Душанбе истиқбол карда, аммо навиштааст, "бо он ки пас аз изҳороти вазири нави корҳои дохилӣ кормандони ГАИ ва ё Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар кӯчааву хиёбонҳои шаҳри Душанбе кам шудааст, аммо онҳо аз гирифтани ришва даст накашидаанд." Ин аст, ки нашрия ба нақл аз ронандагон меорад, "бояд шумораи постҳои пулиси роҳ дар пойтахт ба ҳадди қобили мулоҳиза кам карда шавад ва барои ҷилавгирӣ аз фасоду ришвахорӣ системаи назоратӣ, аз қабили камераҳо гузошта шавад. Танҳо дар он сурат мавридҳои ришвахории кормандони ГАИ коҳиш хоҳад ёфт."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG