Пайвандҳои дастрасӣ

Рижков ва Немтсовро ба телевизион роҳ доданд


Владимир Рижков ва Борис Немтсов

Ду раҳбари аршади мухолифини Русия ғайримунтазира дар телевизионҳои таҳти назорати давлат зоҳир шуданд. Ба вакили собиқи Дума Владимир Рижков дар шабакаи аввал ва ба раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи ПАРНАС Борис Немтсов дар як барномаи НТВ, ки ба “Газпром” тааллуқ дорад, сухан доданд. Сӯҳбатҳои онҳо аз қабл сабтшуда ва таҳрирхӯрда буд, вале интиқодҳои тунд аз сарвазир Владимир Путин ва азми ӯ барои касби давраи севуми раёсат дар интихоботи 4 мартро дар бар мегирифт. Немтсов гуфт, дар 5 соли охир барои бори аввал ба телевизиони Русия роҳ ёфтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG