Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нозирони ҳастаии СММ вориди Теҳрон шуданд


Тазоҳуроти донишҷӯён дар фурудгоҳи Теҳрон
Тазоҳуроти донишҷӯён дар фурудгоҳи Теҳрон
Нозирони ҳастаии СММ рӯзи якшанбе бо умеди рӯшан кардани табиати эҳтимолии низомии фаъолиятҳои ҳастаии Эрон вориди Теҳрон шуданд. Ин сафар дар ҳолест ки парлумони Эрон дар посух ба таҳримоти нави ИА таҳдид кард, ки интиқоли нафт ба Аврупоро манъ хоҳад кард. Раҳбари ҳайъати нозирони Ожонси назорати нирӯи ҳастаӣ гуфт, мехоҳад “тамоми масоили бозмонда бо Эронро ҳалл кунад.” Ба бовари Ғарб, ҳадафи Эрон сохтани силоҳи ҳастаист, вале Теҳрон барномаи ҳастаияшро сулҳомез меномад.
XS
SM
MD
LG