Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Яман ба ИМА рафт


 Алӣ Абдулло Солеҳ президенти Яман
Алӣ Абдулло Солеҳ президенти Яман
Президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ барои табобат ба ИМА сафар кард. Департаменти давлатӣ ё худ вазорати корҳои хориҷии ИМА ин хабарро тасдиқ кард, вале тафсилоти бештар надод, ки ӯ дар куҷост. Моҳи июни гузашта Солеҳ бар асари як сӯиқасд ба ҷонаш маҷрӯҳ шуда буд. Он замон дар саросари ин кишвар эътирозҳо бар зидди ҳукмронии 33-солаи ӯ ҷараён доштанд. Дар моҳи ноябр бар пояи як созиш, ки президенти Яманро аз муҷозот ба хотири куштори эътирозгарон раҳо менамуд, Солеҳ ба истеъфояш ризоят дод. Сарфи назар аз иттиҳоми тақдими паноҳгоҳ ИМА мувофиқат кард, ки ба Солеҳ раводиди зиёрат аз ИМА-ро фароҳам орад.
XS
SM
MD
LG