Пайвандҳои дастрасӣ

Озодии баён дар Тоҷикистон маҳдудтар шудааст?


Бинои маҷмааи "Шарқи озод"

Бинои маҷмааи "Шарқи озод"

Созмони «Гузоришгарони бидуни марз» вазъи 179 кишвари ҷаҳон дар масъалаи озодии баён ва суханро дар соли 2011 баҳогузорӣ кард.

Мувофиқи баҳогузории ин созмон,Тоҷикистон агар дар соли 2010 дар ҷои 115 қарор дошт, дар соли гузашта 5 зина поин рафт ва дар мавқеи 122 қарор гирифт.

Анҷумани миллии расонаҳои озоди Тоҷикистон ҳафт зина поён фаромадани мавқеи Тоҷикистон дар индекси Созмони «Гузоришгарони бидани марз»-ро ба баҳсҳои додгоҳии хабарнигори ББС Урунбой Усмонов ва рӯзноманигори маҳаллӣ Муҳаммадюсуф Исмоилов вобаста медонад, ки он таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кард ва ҳукумати Тоҷикистонро дар миқёси байналмиллал душмани матбуот ҷилва дод.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, намояндаи НАНСМИТ

Абдуфаттоҳ Воҳидов, намояндаи НАНСМИТ

Абдуфаттоҳ Воҳидов, намояндаи НАНСМИТ мегӯяд, ки агар ин ҳодисаҳо ба журналистҳо рух намедод, шояд Тоҷикистон дар мавқеи пешини худ боқӣ мемонд: «Ҳама дар ҷомеаи мо огоҳ аст, ки ба ҳабс гирифта шудани Урунбой Усмонов ва Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки яке дар расонаҳои хориҷӣ фаъолият дошту дигаре дар рӯзномаи маҳаллӣ, дар миқёси байналмилалӣ вокуниш пайдо карданд. Дар баҳси ин хабарнигорон созмонҳои журналистии Аврупо ва Амрико ширкат доштанд ва диданд, ки то кадом андоза аз лиҳози қонуну ҳуқуқ ин баҳсҳо ва иддаои мақомоти ҳукумати Тоҷикистон асос дошт ё не. Худи созмони Гузоришгарони бидуни марз чанд маротиба баёния пахш кард ва аз ҳукумати Тоҷикистон тақозои раҳоии хабарнигоронро карда буд. Мусаллам аст, ки ин ба обрӯи Тоҷикистон бетаъсир намемонд.»

Бар иловаи баҳси ба ҳабс кашида шудани ин ду хабарнигор, баҳсҳои додгоҳии ҳафтаномаи «Азия плюс» бо АнварТағоймуродов, муовини пешини вазири умури дохилии Тоҷикистон, баҳсҳои додгоҳии ҳафтаномаҳои мустақили «Миллат» ва «Пайкон» бо мақомоти ҳукумати кишвар, Тоҷикистонро як ҷазираи таҳдиду таъқиб бар матбуот нишон дод.

Аммо ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба шеваи баҳогузории созмони «Гузоришгарони бидани марз» розӣ нест. Зеро ба қавли як мақоми ҳукумати Тоҷикистон, меъёр ва наҳваи баҳогузории ин созмон барои онҳо рӯшан намебошад.

Сармутахасиси Бахши таҳлил ва иттилооти дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудхон Сараев мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикстон бо матбуоти кишвар, хусусан бо матбуоти мустақил ҳеҷ мушкил надорад ва баҳсҳое, ки миёни мақомоти алоҳидаи ҳукумат бо расонаҳо сурат гирифта буд, аз роҳи ҳуқуқӣ ҳалли мусбати худро пайдо карданд: «Ҳолатҳое, ки дар муносибати баъзе мақомоти ҳукумати Тоҷикистон бо расонаҳои васоити омма ба вуқуъ пайваста буданд, он ҳам тавассути шароити ҳуқуқӣ дар додгоҳҳо ҳалли мусбати худро ёфтанд. Дар соли гузашта дар муносибати байни мақомоти ҳукумати кишвар ва матбуот шаффофият таъмин буд. Аз ин рӯ ба хулосаи ин созмони байнулмилалӣ розӣ буда наметавонем.»

Ахиран созмони «Хонаи Озодӣ» низ дар гузориши солонаи худ дар робита ба вазъи озодиҳо дар саросари ҷаҳон, Тоҷикистонро ҳамроҳ бо Узбакистон ва Туркманистон кишвари «ғайриозод» унвон кардааст.

Аммо сардабири ҳафтаномаи русизабони «Азия плюс» Марат Маҳмадшоев мегӯяд, ки ба наҳваи баҳогузории Марат Маҳмадшоев, сардабири ҳафтаномаи русизабони «Азия плюс»

Марат Маҳмадшоев, сардабири ҳафтаномаи русизабони «Азия плюс»

Гузоришгарони бидуни марз розӣ буда наметавонад. Зеро ба қавли ӯ, дар сутуни мавқеъгузории кишварҳо Қазоқистон, ки дар масъалаи озодии матбуот бозтар ва беҳтар аз Тоҷикистон аст, дар ҷои 154-ум, вале Тоҷикистон дар мавқеи 122-юм қарор дорад:«Ба назари ман ин рейтинг чандон воқеӣ нест, бубинед дар Тоҷикистон хабарнигор ҳабс мешавад ва барои андак калима ё вожа ба додгоҳ кашида мешавад, чӣ гуна мешавад, ки Қазоқистон дар ҷои 154 ва Тоҷикистон дар зинаи 122 қарор мегирад. Барои ман рӯшан нест, ки аз рӯи кадом меъёр Гузоришгарони бидуни марз таҳлили худро анҷом медиҳанд?»

Тавре аз таҳлилу баррасӣ ва баҳогузории созмонҳои масоили матбуот маълум мешавад, Тоҷикистон дар масъалаи озодии матбуот, хусусан дар мавриди бархӯрди мақомоти ҳукуматӣ ба васоити ахбори мустақил муносибати нек надоранд. Танҳо бо баргузории нишастҳои матбуотии нимсола наметавон гуфт, ки дар Тоҷикистон фазои озоду шаффоф барои матбуот ҷой дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG