Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаи Путин бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия


Владимир Путин
Владимир Путин
Владимир Путин-нахуствазири Русия гуфт, хориҷиёне, ки қонунҳои кор ва муҳоҷирати ин кишварро риоят намекунанд, намегузоранд, ки ба Русия ворид шаванд. Вай ин нуктаро рӯзи панҷшанбе зимни суханони худ дар Хадамоти Муҳоҷирати кишвараш дар Маскав баён дошт. Вай афзуд:

“Мо ба Хадамоти муҳоҷират, ниҳодҳои интизомӣ, яъне вазорати дохилӣ ва Хадамоти федеролии амният, минтақаҳо ва соҳибкороне ниёз дорем, ки кори худро дақиқ ҳамоҳанг кунанд ва бигӯянд, ки ба чӣ касбу коре ниёз доранд ва дар кадом минтақа”.

Путин пешниҳод кард, ба ҳар шаҳрванди хориҷӣ, ки ин қонунро нақз кардааст, бояд ба муддати 10 сол иҷозаи вуруд ба Русия дода нашавад. Путин барои интихоботи 4 марти соли ҷорӣ ба мақмоми раёсати ҷумҳурӣ номзад пешбарӣ шудааст. Русия бо аксари кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла бо Тоҷикистон муқаррароти раводид надорад ва аз ин кишварҳо миллионҳо муҳоҷир дар Русия кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG