Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW: Сарони Осиёи Марказӣ аз Баҳори Араб тарсидаанд


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch дар муаррифии гузориши солонаи худ дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, саркӯби норозиён дар Осиёи Марказӣ реша дар тарсу ҳароси диктаторҳои ин минтақа аз шӯришҳои шабеҳи Баҳори Араб дорад. Мудири ин созмон дар умури СММ Филип Болопён гуфт, ончӣ ин кишварҳо мекунанд, такрори ҳамон вокуниши саркӯбгаронаи режимҳоест, ки бо Баҳори Араб рӯбарӯ шуданд. Вай афзуд, таври маълум чунин бархӯрд натиҷаи баръакс додааст, ки низ сабақест барои раҳбюарони худкомаи Осиёи Марказӣ.
XS
SM
MD
LG