Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаласаи нахустини порлумони Миср шурӯъ шуд


Дар Миср, ҷаласаи ифтитоҳии порлумони начандон пеш интихобшудаи ин кишвар шурӯъ шуд. Нишастро Маҳмуд ал-Саққо, куҳансолтарин вакили порлумон раҳбарӣ мекунад ва он бо лаҳзаи хомӯшӣ ба хотири садҳо тазоҳургаре шурӯъ шуд, ки моҳи феврал дар қиёмҳои мардумӣ алайҳи ҳукумати Ҳуснӣ Муборак кушта шуданд. Дар ҷаласаи имрӯза, аз ҷумла раиси порлумон, ки ғолибан намояндаи Ихвон-ул-муслимин хоҳад буд, интихоб мешавад. Ҳизби исломии Ихвон-ул-муслимин дар се даври интихоботи чандмарҳилаии Миср пирӯз шуд ва ваъда додааст, ин кишварро дар гузариши зимоми умур аз дасти низомиён ба ҳукумати ғайринизомӣ роҳнамоӣ хоҳад кард. Баъди суқути Ҳуснӣ Муборак, зимоми умури Мисрро артиши Миср ба даст гирифт.
XS
SM
MD
LG