Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори HRW аз нақзи ҳуқуқи башар дар Ироқ


Созмони байнулмилалии дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch ҳушдор дод, ки бо вуҷуди ваъдаҳои ИМА барои пуштибонӣ аз тағйироти демократӣ дар Ироқ, ин кишвари Ховари Миёна метавонад ба як давлати худкома табдил шавад.

Дар гузориши солонаи Human Rights Watch гуфта шудааст, ки соли гузашта мақомоти Бағдод аз роҳи тарс додан ва латукӯбу боздошти фаъолон, намоишгарон ва хабарнигорон ҳуқуқҳои шаҳрвандон барои озодии баёну ҳамоишҳоро нақз карданд.

Муаллифон ҳамчунин дар бораи ошкор шудани маҳбасҳои махфии зери назорати ҳукумат хабар дода навиштаанд, ки дар онҳо маҳбусон шиканҷа мешаванд.
XS
SM
MD
LG