Пайвандҳои дастрасӣ

Думаи давлатӣ созишномаи миёни Маскаву Душанбе дар бораи ҳамкориҳои марзиро баррасӣ хоҳад кард.

Дар ин бора торнамои "Ҳизби воҳиди Русия" ба нақл аз Дмитрий Саблин, ноиби аввали раиси Кумита оид ба ИДМ-и Думаи давлатӣ хабар додааст.

Ин созишнома, ки ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта миёни Дмитрий Медведев ва Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе имзо шуда буд, шароит барои ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистонро то ним қарни дигар фароҳам меорад.

Ҷаноби Саблин гуфтааст, дар ин созишнома инчунин ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароии динӣ, муҳоҷират, ҷиноятҳои фаромиллӣ, қочоқи аслиҳа, маводи радиоактивӣ ва маводи мухаддир дар назар гирифта шудааст.

Бар асоси Созишномаи наве, ки миёни Тоҷикистону Русия дар мавриди ҳамкориҳои марзӣ ба имзо расидааст, институти мушовирони русӣ ба сурате, ки аз соли 2005 то кунун амал мекард, амалан тағйир хоҳад кард. Ин ҳайат дигар аз мушовирон иборат нахоҳад буд ва бар асоси низомномаи нав танҳо дар сурати зарурат ба ҳамтоёни тоҷики худ кӯмак
хоҳад кард.

Инчунин ин намояндагӣ дигар ваколати гурӯҳӣ ва фавриро надошта ва аз Гурӯҳи фаврии марзбонии Русия ба Намояндагии гурӯҳи марзбонӣ тағйири ном мекунад ва ҳаққи пешбурди кори оперативиро низ дар Тоҷикистон надорад.

Созишномаи пешини миёни Тоҷикистону Русия дар марвиди ҳамкориҳои марзӣ моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Душанбе имзо шуда ва муддати иҷрои он 5 сол таъйин шуда буд. Бар асоси ин санад, хуруҷи нерӯҳои марзбони Русия аз марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуда ва дар соли 2005 ин раванд поён ёфт. Марҳилаи ибтидоии хуруҷи марзбонони Русия, дар хатти марзи муштараки Тоҷикистон бо Чин сурат гирифта буд.

Ба ин тартиб, дар тобистони соли 2005 марзбонони Русия аз марз комилан хориҷ шуда ва танҳо теъдоде аз мушовирони низомии Русия барои ҳамкорӣ бо марзбонони тоҷик дар манотиқи марзӣ боқӣ монданд.
XS
SM
MD
LG