Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Исфара як қирғизро ба 14 соли зиндон маҳкум кард


Додгоҳи шаҳри Исфара шаҳрванди Қирғизистон Абдулҳаким Мадиброҳимовро барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба 14 соли маҳбаси низомаш шадид ва мусодираи амвол маҳкум кард.

Ба иттилои хабаргузории Азия плюс, Мадиброҳимов моҳи октябри соли гузашта дар деҳаи Лаккони ноҳияи Исфара бозошт шуда буд. Ҳангоми кофтукоб аз ӯ 20 кило ҳероин ошкор гардид, ки мехост аз тариқи гузаргоҳи гумрукии Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол диҳад.
XS
SM
MD
LG