Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои ИМА боз як киштии эрониро наҷот доданд


Нерӯҳои ҳарбӣ-баҳрии ИМА дар халиҷи Форс боз як киштии эрониро наҷот доданд. Гуфта мешавад, амрикоиҳо киштии эронии “Ал-Мансур”-ро, ки дар ҳоли ғарқшавӣ буд, аз чархболи низомӣ мушоҳида карданд.

Дар ду ҳафтаи охир ин сеюмин амалиёти наҷоти эрониҳо аз сӯи низомиёни ИМА аст. 6 январ амрикоиҳо 13 моҳигири эрониро аз дасти роҳзанҳои дарёии Сомалӣ раҳо карданд. 10 январ киштии нерӯҳои ҳифозати соҳили ИМА шаш эрониеро наҷот дод, ки киштии боркаши онҳо дар Халиҷи Форс дар ҳоли ғарқ шудан буд.

Ҳар се амалиёти наҷот дар вазъе сурат гирифтанд, ки баъд аз таҳдиди Теҳрон барои бастани гулӯгоҳи Ҳурмузд Амрикову Эрон дар остонаи ҷанг қарор доранд. Содироти сеяки нафти ҷаҳон аз тариқи ин гулӯгоҳ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG