Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори "Садои Амрико" дар Покистон кушта шуд


Хабарнигори покистонӣ Мукаррамхон Отиф ҳангоми адои намоз дар масҷиде дар шаҳри Шабқадари вилояти Хайбар-Пахтунхва кушта шуд. Ӯ барои радиои «Садои Амрико» ва телевизиони хусусии «Дунё» кор мекард. Масъулияти қатли Отифро Таҳрики Толибони Покистон ба дӯш гирифт. Покистон аз хатарноктарин маконҳои дунё барои хабарнигорон шинохта шуда, соли гузашта дар ин кишвар 10 журналист кушта шуд. Дар соли 2012 нахустин журналисте ки дар Покистон ҷон бохт, Мукаррамхон Отиф аст.
XS
SM
MD
LG