Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ: Рушди иқтисоди дунё суст хоҳад шуд


Бино ба пешбинии Бонки ҷаҳонӣ, рушди иқтисоди дунё дар соли 2012 ба иллати пасрафти иқтисодии Аврупо ва заифтар шудани пешрафти кишварҳои дар ҳоли рушд кунд хоҳад шуд. Гузориши солонаи Бонк мегӯяд, “Аврупо зоҳиран вориди пасрафт шудааст” ва пешрафти чанд кишвари умдаи дар ҳоли рушд – Бразилияву Ҳинд ва то андозае, русияву Туркия ва Африқои ҷанубӣ – низ кунд хоҳад шуд.
Бонки ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад, ки суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ имсол 2,5 дарсад ва дар соли оянда 3,1 фоизро ташкил хоҳад дод. Ним сол пеш ин ниҳоди молӣ ин нишондиҳандаро барои ҳарду сол дар ҳадди 3,6 дарсад пешбинӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG