Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба ВДНХ бармегардад


Муҷассамаи "Коргару колхозчизан" - рамзи асосии ВДНХ дар Маскав
Муҷассамаи "Коргару колхозчизан" - рамзи асосии ВДНХ дар Маскав
Тоҷикистон мехоҳад дар ВВЦ- Маркази намоишгоҳии Русия дар Маскав, ки дар солҳои шӯравӣ чун ВДНХ маъруф буд, як павилйони алоҳида дошта бошад. Ин мавзӯъ дар дидори раиси Утоқи тиҷориву саноатии Тоҷикистон Шариф Саид бо мудири кулли ВВЦ Алексей Милушко баррасӣ шудааст. ВДНХ дар замони Шӯравӣ ба хотири намоиши қудрати иқтисодии ҷумҳуриҳояш таъсис ёфта, Тоҷикистон дар он толори вижаи худро дошт. Вале баъди суқути Шӯравӣ толорҳои бузурги ВДНХ асосан байни ширкатҳои тиҷорӣ тақсим шуд.
XS
SM
MD
LG