Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳабси абад барои қатли хабарнигори арманӣ


Додгоҳе дар Истанбул Ёсин Хаёл, як шаҳрванди Туркияро ба заминасозӣ барои қатли Ҳрант Дранк як хабарнигори арманӣ гунаҳкор донист ва ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард. Аммо додгоҳ гуфт, иттиҳомот алайҳи Ёсин Хаёл ва чанд ҳамроҳи ӯ, ки гӯё бо дастури созмони террористӣ ин корро кардаанд, собит нашуд. Ҳрант Динк, муҳарири рӯзномаи дузабонии туркиву армании “Агос” соли 2007 дар шаҳри Истанбул бо туфанг куштанд. Ӯ дар як мақолаш, қатли дастаҷамъии арманиҳо дар замони Туркони Усмониро, наслкушӣ хонд ва хашми миллатгароёни Туркияро барангехт Худи қотил Огун Самастро моҳи июли гузашта ба 23 соли зиндон маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG