Пайвандҳои дастрасӣ

Рахнагарон торнамоҳои Озарбойҷонро дастнорас карданд


Рахнагарони интернетӣ рӯзи душанбе торнамо ва ё вебсайтҳои чанд ниҳоди давлатии Озарбойҷонро барои чанд соат дастнорас карданд. Ба гузориши бахши озарии Радиои Озодӣ, рахнагарон аз ҷумла кори вебсайтҳои вазорати мухобирот, вазорати умури дохилӣ ва додгоҳи олӣ, чанд хабаргузории пойбанди давлати Озарбойҷонро ба ҳам зада ва дар баъзе аз онҳо навиштаанд, ки мақомоти озарӣ ба “яҳудиён хидмат” мекунанд. Сарчашмаи ҳамла ба торнамоҳои ниҳодҳои давлатии Озарбойҷон гӯё аз Эрон будааст.
XS
SM
MD
LG