Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Микола Статкевичро дар зиндони Белорус ҷазо доданд


Микола Статкевич, номзади собиқ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии Белорусро барои риоят накардани меъёрҳои зиндон ба ҳуҷраи танҳо андохтаанд. Ҳамсари ӯ Марина Адамович ба бахши белорусии Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти зиндон ба онҳо гуфтаанд, ки Микола Статкевич, барои беэътиноӣ ба муқаррароти зиндон 10 рӯз дар танҳоӣ нигаҳ дошта мешавад, аммо нагуфтаанд, ки ӯ мухолифи кадом муқаррароти зиндон рафтор кардааст. Микола Статкевичро бо гуноҳи “ташкили бенизомиҳои оммавӣ” дар тазоҳуроти баъди интихоботи президентии Белорус дар рӯзи 19 декабри соли 2010 моҳи майи соли гузашта ба 6 соли зиндон маҳкум карданд.
XS
SM
MD
LG