Пайвандҳои дастрасӣ

Як зиндонӣ дар боздоштгоҳи Бишкек ҷон дод


Дар шаҳри Бишкек дар яке аз боздоштгоҳҳо як зиндонӣ бо номи Нурбек Алимбоев даргузашт. Турсунбек Акун-Омбудсмени Қирғизистон гуфт, ин зиндонӣ дар ҷараёни занозании миёни зиндониён бо посбонони зиндон аз ҷароҳатҳои вазнин ба ҳалокат расидааст.

Аммо сухангӯи хадамоти зиндонҳои Қирғизистон гуфтааст, ки Нурбек аз ҷароҳатҳо кушта нашудааст, балки аз истеъмоли беш аз ҳадди маводи мухаддир ҷон додааст.

Ҳамзамон Омбудсмени Қирғизистон гуфтааст, ки 34 нафари дигар аз зиндониён низ мавриди лату кӯб ва шиканҷа қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи вай, 4 нафари онҳо бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористони зиндон интиқол дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG