Пайвандҳои дастрасӣ

"Кураи тилоӣ"-ро ба филми Фарҳодӣ доданд


Асғар Фарҳодӣ ва бозигари нақши асосӣ дар филми "Ҷудоӣ" дар расми тақдими ҷоизаҳои "Кураи тилоӣ"

Асғар Фарҳодӣ ва бозигари нақши асосӣ дар филми "Ҷудоӣ" дар расми тақдими ҷоизаҳои "Кураи тилоӣ"

Филми «Ҷудоии Нодир аз Симин»-и коргардони эронӣ Асғар Фарҳодӣ ҷоизаи «Кураи тилоӣ» барои беҳтарин филми хориҷиро ба даст овард. Исми барандаро дар маросими вижае дар Лос-Анҷелеси Амрико овозхони маъруф Мадонна эълон кард. «Кураи тилоӣ» («Golden Globe”) баъди “Oscar” дувумин ҷоизаи мӯътабари солона дар Ҳолливуд маҳсуб мешавад. «Ҷудоии Нодир аз Симин» достони талхи аз ҳам ҷудо шудани зану шавҳарест, ки зан мехоҳад бо духтараш ба хориҷ бикӯчад, вале шавҳарро падари маризаш пойбанд кардааст.
Ин филм дар сабқати беҳтарин филмҳои хориҷӣ бар филмҳо аз Чину Белгияву Испания ва ҳам филми Анҷелина Ҷолӣ дар бораи ҷанги Босния баранда шуд. Филми Асғар Фарҳодӣ қаблан ҷоизаи аввали ҷашнвораи Берлинро низ ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG