Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав: Раҳоии халабонҳо бо Ҳукумов рабт надорад


Вазорати хориҷаи Русия ҳар навъ рабти раҳоии халабонҳо Владимир Садовничий ва Алексей Руденко бо лағви ҳукми зиндони Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро қатъиян радд кард. Маскав мегӯяд, ҳукми халабонҳои ширкати «Ролкан»-ро беасос медонад ва ҳамчунон ба лағви он талош хоҳад кард. Матбуоти Русия мегуфт, ки халабонҳоро ба хотири раҳо кардани писари Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ муҷозот кардаанд. Додгоҳи Қӯрғонтеппа Садовничий ва Руденкоро дар моҳи ноябр маҳкум ба зиндон кард, вале баъди ду ҳафта ҳардуро таҳти фишори Маскав раҳо карданд. Рустам Ҳукумов, ки соли 2010 дар Русия бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба 9,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, дар поёни декабр озод шуд.
XS
SM
MD
LG