Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъд аз ду захми корд Додоҷони Атовулло ҷарроҳӣ шуд


Додоҷони Атовулло

Додоҷони Атовулло

Додоҷони Атовулло баъд аз амалиёти ҷарроҳӣ, дар бахши эҳёгарии яке аз бемористонҳои Маскав дар ҳоли беҳушӣ қарор дорад.

Дар ин бора Амонбой, дӯсти хабарнигори шинохтаи тоҷик, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иттилоъ дод. Ӯ бо такя ба гуфтаҳои табибон изҳор намуд, ки амалиёти ҷарроҳӣ хуб гузаштааст ва аммо афзуд, аз вазъи хабарнигор пайвандонашро фақат баъд аз соати даҳ ба вақти Маскав огаҳ хоҳанд кард.

Сӯиқасд ба ҷони Додҷони Атовулло шоми рӯзи панҷшанбе дар дохили тарабхонаи итолёвии “Виадҷио” рӯх дод. Ба иттилои пайвандони Додоҷони Атовулло, ки Радиои Озодӣ бо онҳо дар тамос шуд, як фарди зоҳиран осиёӣ ба қафаси синаи ӯ ду корд задааст.

Хабарнигорро дар мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба бемористони ба номи Склифосовскийи Маскав интиқол додаанд. Табибон гуфтаанд, ки корд ба дили Атовуллои 56-сола нарасидааст, аз ин рӯ ба ҳаёти ӯ хатаре таҳдид намекунад, аммо то интиқол ёфтанаш ба бемористон, вай хуни бисёр бохтааст. Пизишкон гуфтаанд, корд ба ҷигар ва шуши Додоҷон расидааст.

Ба гуфтаи Амонбой, гурӯҳи хабарнигорони маскавӣ, дӯстон ва тарафдоронаш барои аёдати Додоҷон ва пайдо кардани иттилоъ дар бораи вазъи сиҳати ӯ ба бемористон омадаанд.

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, дар бораи ҳодисаи дар тарабхона рӯйдода ба ӯ табибону дӯстони Додоҷон хабар додаанд – қабл аз ин ҳодиса ронанда Додоҷонро то манзилаш расонд ва онҳо бо ҳам хайрухуш карда буданд.

Амонбой мегӯяд, “кадом одаме бо ӯ мулоқот таъин карда будааст. Дар дохили ресторан Додоҷон хеста бо ӯ салом мекунад ва аммо ӯ ба Додоҷон ду бор корд зада фирор кардааст. Ин ҳодиса тахминан соатҳои нӯҳ то нӯҳу ним рӯй додаст. Аз ин пештар мо ҳамроҳ бозорӣ кардем ва ман ӯро бо мошин то хонааш бурда будам.”

Ӯ ҳадс мезанад, шояд одаме, ки мулоқот таъин карда буд, Додоҷонро аз дур нишон додааст ва каси дигар ба хабарнигор корд задааст.

Додоҷони Атовулло, хабарнигори 56-солаи тоҷик, дар соли 1990 ҳафтаномаи мустақили "Чароғи рӯз"-ро таъсис дода, охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк кард ва дар Русияву Олмон ба сар мебарад. Ӯ раҳбари ҷунбиши мухолифи «Ватандор» низ ҳаст ва бо мақолаҳои танқидияш зидди ҳукумати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шӯҳрат дорад.

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Додоҷони Атовулло бо иттиҳоми тӯҳмату таҳқир ба шахси раҳбарони аввали кишвар ва даъват ба сарнагун кардани низоми феълӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Бори охир моҳи апрели соли гузашта мақомоти додситонии Тоҷикистон аз мақомоти Русия таслими ӯро ба Душанбе талаб карданд. Чанд сол пеш хабарнигори шинохта бо тақозои мақомоти Тоҷикистон дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав боздошт шуда буд ва аммо Русия, баъд аз эътирозҳои ҳомиёни ҳуқуқи башар ва созмонҳои хабарнигорӣ, аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон худдорӣ намуд.

Бори ахир Додоҷони Атовулло мақомоти Тоҷикистонро барои ба додгоҳ кашидани халабонҳои руси ширкати "Ролкан" ҳадафи танқиди шадид қарор дода буд ва ба гуфтаи баъзе манобеъ, интиқоди ӯ боиси хашму ғазаби мансабдорони тоҷик шуда буд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG