Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додоҷони Атовулло дар ҳамлае шадидан захмӣ шудааст


Додоҷони Атовулло дар нишасти хабарӣ дар Маскав, 24-уми июни соли 2008.

Додоҷони Атовулло дар нишасти хабарӣ дар Маскав, 24-уми июни соли 2008.

Пизишкон мегӯянд, ҳаёти ӯ дар хатар нест, аммо хуни бисёр бохтааст ва ҷарроҳӣ мешавад.

Журналисти шинохтаи тоҷик ва мухолифи ҳукумати Тоҷикистон Додоҷони Атовулло дар маркази Маскав мавриди ҳамла қарор гирифта, шадидан захмӣ шудааст. Ӯро дар мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба бемористони ба номи Склифосовскийи Маскав интиқол додаанд. Бино бар хабарҳо марди ба зоҳир осиёӣ ба сари синаи Атовулло ду бор корд задааст.

Нашрияҳои интернетӣ, аз ҷумла торнамоҳои “Фергана.Ру” ва “Livenews.ru” мегӯянд, ҳамла ба Додоҷони Атовулло дар назди ресторани итолиёии “Viaggio” дар хиёбони Комсомолский байни соатҳои 9 ва 10-и шаб рӯй додааст. Ин манобеъ гуфтаанд, ҷаноби Атовулло барои мулоқот бо шахсе ба ин ҷо омадааст. Аммо ронандаи ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, Додоҷонро дар соати 7-и бегоҳ ба манзилаш расонд ва нақша ё қарори мулоқоте дар миён набудааст.

Вале дар ҳамин ҳол хабаргузории «Интерфакс» ба нақл аз манобеи худ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хабар дод, ки Додоҷони Атовуллоро касе ба мулоқот даъват кардаст. Хабаргузорӣ ба нақл аз ин манбаъ меафзояд, "вақте ки Атовуллоев ба ин ҷо омад ва паси мизе интизор менишаст, шахсе, ки симои осиёӣ дошт, ба сӯи давид ва ду бор ба ӯ корд зад."

Пизишкон гуфтаанд, корд ба дили Атовуллои 56-сола нарасидааст, биноан хатаре ба ҳаёти ӯ таҳдид намекунад, аммо то интиқол ёфтанаш ба бемористон вай хуни бисёр бохтааст ва ҷарроҳон дар талоши наҷоти ӯянд. Гуфта мешавад, корд ба шуш ва ҷигари Додоҷони Атовулло расидааст. Гурӯҳе аз журналистони маскавӣ, дӯстон ва тарафдорони Атовулло ба бемористон омаданд ва қисме аз онҳо дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук лаҳза ба лаҳза аз вазъи ӯ иттилоъ медиҳанд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки ҷарроҳии аввал бо муваффақият гузаштааст. Фейсбукиён пешниҳод кардаанд, ки гурӯҳи кӯмак ба Атовулло таъсис ёбад. Чанд нафар изҳори омодагӣ ба донории хун кардаанд.

Додоҷони Атовулло, ки 56 сол дорад, дар соли 1990 ҳафтаномаи мустақили "Чароғи рӯз"-ро таъсис дода, охири соли 1992 Тоҷикистонро тарк кард ва дар Русия ва Олмон ба сар мебарад. Вай ба ҳайси раҳбари ҷунбиши мухолифи «Ватандор» бо мақолаҳои танқидияш зидди ҳукумати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шӯҳрат дорад. Вай борҳо гуфтааст, дар Тоҷикистон тарафдорони зиёд дорад, аммо ягон бор феҳрасти аъзои ҷунбиши «Ватандор»-ро эълон накардааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон бори охир дар моҳи апрели соли 2011 зидди Додоҷони Атовулло парвандаи ҷиноӣ боз ва аз мақомоти Русия истирдоди ӯро талаб кард. Вале тарафи Русия ин ҳар дафъа ин талабро рад намудааст. Мақомоти Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоро ба тӯҳмату таҳқир ба шахси раҳбарони аввали кишвар ва даъват ба сарнагун кардани низом айбдор мекунанд.Як дафъа дар тобистони соли 2001 ҷаноби Атовулло бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар Маскав боздошт шуд, вале баъди якуним рӯзи ҳабс раҳо гашт. Созмонҳои журналистӣ ва ҳомии ҳуқуқи инсон ин парвандаҳо ва боздошти ӯро шадидан танқид кардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG