Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макфол ба ҳайси сафири ИМА дар Русия савганд ёд кард


Майкл Макфол
Майкл Макфол
Майкл Макфол ба ҳайси сафири нави ИМА дар Русия савганд ёд кард. Ин маросим рӯзи сешанбе дар Вошингтон баргузор шуд.

Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, дар ин маросим Макфолро яке аз коршиносони маъруфи Амрико дар умури Русия номид.Ба гуфтаи хонум Клинтон, ИМА муносибат бо Русияро басо муҳим мехонад.

Номзадии Майкл Макфол дар мақоми сафири нави Амрико дар Русия аз сӯи Сенат 17 декабри соли гузашта пазируфта шуда буд. Макфол дар ин мақом Ҷон Байерлиро иваз мекунад, ки аз тобистони соли 2008 ба намояндагии дипломатии Амрико дар Маскав раҳбарӣ мекард.
XS
SM
MD
LG