Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паско: Баъди вуруди нозирон 400 суриягӣ кушта шудаанд


Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Ҳумс
Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Ҳумс
Баъд аз вуруди нозирони Лигаи кишварҳои араб ба Сурия дар таърихи 26 декабр дар ин кишвар боз тақрибан 400 нафари дигар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора дирӯз Линн Паско, ёвари Дабири кулии СММ, хабар дод.

Нозирони кишварҳои арабӣ барои он ҳадафи интиқод қарор доранд, ки баъд аз вурудашон хунрезӣ дар Сурия қатъ нашудааст. Ахиран Лига хабар дод, ки бар асари ҳамлаи мусаллаҳона дар канори шаҳри Лозиқия 11 нозир ҷароҳати сабук бардоштанд.

Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, рӯзи сешанбе дар як суханронӣ дар Димишқ, нерӯҳои берунаро дар талоши ноором кардани вазъи кишвар айбдор кард. Ӯ изҳор намуд, ки ба истеъфо рафтанӣ нест ва аммо ваъда дод, ки моҳи март раъйпурсӣ оид ба Қонуни асосии нав ва баъдан интихоботи умумӣ доир мекунад.
XS
SM
MD
LG