Пайвандҳои дастрасӣ

Саъйи худкушии як додситони лаҳистонӣ


Як додситони низомии Лаҳистон имрӯз баъди тарки ногаҳонии як нишасти хабарӣ худро як тир задааст, аммо табибон мегӯянд, ҷони ӯ дар хатар нест. Миколай Прзибил, дар ин нишасти хабарӣ таъкид кардааст, ки додситонҳо ҳақ доштанд, то сабти гуфтугӯҳои хабарнигоронеро бишнаванд, ки таҳқиқи садамаи ҳавопаймои раиси ҷумҳури Лаҳистон дар ду соли пешро инъикос мекарданд. Миколай Призбил дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Познан, хабарнигорони лаҳистониро барои нашри иттилооти маҳрамона аз парвандаи таҳқиқи садамаи ҳавопаймои раиси ҷумҳури собиқ интиқод карда ва аз онҳо хостааст, дафтари кориашро тарк кунанд. Баъди ин ҳамкоронаш ӯро дар ҳамин дафтари кори оғуштаи хун пайдо кардаанд. Дар ин садама дар Русия дар рӯзи 10 апрели соли 2010 Лех Качинский раиси ҷумҳури собиқи Лаҳистон ва 91 нафари дигар ҳалок шуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG