Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афсурдагӣ" - беҳтарин филми соли 2011 эътироф шуд


Ларс фон Триер
Ларс фон Триер
Ҷамъияти миллии мунаққидони синамои Амрико филми Melancholia (“Афсурдагӣ”)-и таҳиягар Ларс фон Триерро беҳтарин филми соли 2011 номид. Ҳунарманд Кирстен Данст, ки дар ин филм нақши асосиро бозидааст, беҳтарин актриса эълон шуд.

Ларс фон Триер моҳи майи соли гузашта баъди изҳороташ дар бораи он ки ба Адолф Ҳитлер маҳбубият дорад, аз ҷашнвораи синамои Канн хориҷ карда шуд ва аз дарёфти ҷоиза барои таҳияи беҳтарини филм маҳрум монд.

Ҷоизаи Ҷамъияти миллии мунаққидони синамои Амрико муҳим арзёбӣ мешавад, зеро он метавонад дар интихоби довталабони аслии ҷоизаи “Оскар” таъсир гузорад. Довталабони ҷоизаи “Оскар” рӯзи 24 январ эълон мешаванд.

Ҷамъияти миллии мунаққидони синамои Амрико ҳамчунин Теренс Маликро барои таҳияи филми “Дарахти умр” коргардони беҳтарини соли гузашта эълон кард. Брэд Питт барои иҷрои нақшҳо дар филмҳои “Дарахти умр” ва “Шахсе, ки ҳама чизро тағйир дод” ҷоизаи беҳтарин актерро соҳиб шуд.
XS
SM
MD
LG