Пайвандҳои дастрасӣ

Парвиз Мушарраф ба Покистон бармегардад


Парвиз Мушарраф

Парвиз Мушарраф

Парвиз Мушарраф, раисиҷумҳури пешини Покистон, мехоҳад, ки охирҳои моҳи январ ба Ватан баргашта фаъолияти сиёсияшро идома диҳад. Дар ин бора худи Мушарраф дар як сӯҳбати видеоӣ бо ҷонибдоронаш, ки дар шаҳри Қарочӣ ҷамъ омаданд, хабар дод.

Аз ин пеш додситонии Покистон изҳор кард, ки агар раҳбари пешин ба кишвар баргардад, билофосила боздошт хоҳад шуд. Парвиз Мушарраф дар он айбдор мешавад, ки нерӯҳои қудратии таҳти фармонаш амнияти нахуствазири пешин Беназир Бҳутторо таъмин накарданд. Хонум Бҳутто охири соли 2007 бар асари ҳамлае дар шаҳри Равалпиндӣ ба ҳалокат расид.

Ҳамзамон расонаҳои Покистон бо такя ба манобеи низомӣ навиштаанд, ки артиши кишвар ба боздошти Парвиз Мушарраф имкон нахоҳад шуд.

Парвиз Мушарраф соли 1990 дар як табаддулоти низомӣ ва бехунрезӣ ба қудрат расид ва соли 2008 баъди мухолифатҳои зиёди сиёсатмадорон ва омма аз мақомаш истеъфо дод.
XS
SM
MD
LG