Пайвандҳои дастрасӣ

Президент стратегияи низомии Амрикоро эълон кард


Обама дар Пентагон стратегияи низомиро муаррифӣ мекунад

Обама дар Пентагон стратегияи низомиро муаррифӣ мекунад

Рӯзи панҷшанбе Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико стратегия ё дурнамои нави низомии кишварашро эълон кард. Дар ин дурнамо коҳиши нируҳои пиёданизоми Амрико дар назар гирифта шудааст, дар ҳоле, ки дар ин дурнамо бештар ба ҳавзаи Осиёву Ором таваҷҷуҳ кардаанд. Раиси ҷумҳур дар толори нишастҳои хабарии вазорати дифои Амрико зоҳир шуд ва эълон кард, ки дар нируҳои мусаллаҳи кишвараш тадриҷан таҷдид ё тағироти сохторӣ ба амал хоҳад омад. Ҳадафи дурнамои нави низомӣ, ки аз он доктринаи низомӣ низ ном мебаранд, муқобила бо терроризм, нигаҳ доштани тавоноии ҳастаӣ чун василаи пешгирӣ, ҳифзи қаламрави Амрико ва пешгирӣ аз ҳар гуна ҳамла аз ҷониби таҷовузгарони эҳтимолӣ мебошад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG